Аз таҳти дил бихандед!
Кӣ хўҷаин?
Аз марде пурсиданд:
– Дар оила кӣ хўҷаин: ту ва ё янга?
Вай дар ҷавоб гуфт:
– Ман, танҳо ҳамён дар дасти янга.
Қарз
Мардеро зарурате пеш омад, ба шиносаш гуфт:
– Пул доред?
Гуфт:
– Бале, дорам.
Гуфт:
– Ин тавр бошад, ҳазор сўм қарз бидиҳед.
Гуфт:
– Намедиҳам.
Гуфт:
– Чаро?
Гуфт:
– Чунки бо даст дода, бо по давиданӣ нестам.
Аз берун пўш
Шахси бетамизе ба хонаи шиносаш ворид шуд ва гуфт:
– Дарро бипўшам?
Ҷавоб шунид:
– Бале, аз берун!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ