Аз таҳти дил бихандед!
Пашшаҳои нару мода
Зани Афандӣ ба хона баргашта, мебинад, ки шавҳараш пашша кушта истодааст.
– Чӣ кор дорӣ, мардак?
– Намебинӣ, пашша кушта истодаам…
– Хайр, чандто куштӣ?
– Се нару ду мода.
– Охир, аз куҷо онҳоро фарқ кардӣ?
– Сетояш болои шишаи арақ нишаста буданд, дутои дигар дар болои телефон.
Туҳфа
Шавҳари золим аз завҷааш пурсид:
– Чӣ туҳфа биёрам, ки бароят нодир бошад?
Зани ҷон ба лаб омада гуфт:
– Хати талоқ!
Коркуни савдо шав!
Якеро ҷон ба лаб омаду назди оқиле рафта, гуфт:
– Чӣ кор кунам, ки ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз муҳтоҷ нашавам?
Оқил гуфташ:
– Раис шав.
Гуфт:
– Ин аз имкон берун аст.
Гуфташ:
– Пас вазир бишав.
Гуфт:
– Ин баробари аз осмон ситора кандан аст.
Гуфташ:
– Корманди савдо шав!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ