Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Духтури таваллудхона

Афандӣ дар кӯча меистод, ки як духтари зебо дар тан либоси духтурӣ гузашт. Афанди ба вай гап партофт:

– Кош бемор шаваму маро назди ту баранд!

Духтар:

– Туро пеши ман биёранд, аз тамоми газетаву радиову телевизионҳо журналистон меоянд.

– Барои чӣ?

Духтар:

– Ман дар таваллудхона кор мекунам.

Пешгирӣ

– Либосатонро кашед!,- гуфт духтур ба бемори навбатӣ, духтари хеле зебо.

– Чаро-о-о?… Охир, гўшам дард мекунад.

– “Чу узве ба дард оварад рўзгор, дигар узвҳоро намонад қарор” гуфтаанд. Вазифаи духтур пеш аз ҳама пешгирии касалӣ. Аз ин рў, бояд аввал сиҳатии дигар узвҳоятонро таъмин намоям.

Рашки набера

Дар дарси забон муаллима ба хонандагон супориш медиҳад:

– Бачаҳо, оид ба сифат ҷумла созед!

Садбарг фавран ҷавоб медиҳад:

– Ҳалима аз мағоза қалами сурх харид.

Ҳошим якбора оташ гирифта, мегӯяд:

– Номи бибии худатро навис…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *