Аз таҳти дил бихандед!
Дар беморхона
– Духтурҷон, мегӯянд, ки дар беморхонаи шумо баъзан диагнози нодуруст мемонанд.
– Чӣ хел?
– Мисол, “шумо шамол хӯрдагӣ” гуфта, табобат мекунеду ман аз дарди гурда мемурам.
– Не, дар таҷриба ягон бор чунин нашудааст. Агар ман шуморо аз шамолхӯрдагӣ табобат кунам, аниқ аз ҳамин дард мемуред, ташвиш накашед.
Тапиши дил
Духтар ҷавонро оғӯш карда, мегӯяд:
– Ҷонакам, ба ман ягон сухани меҳрборе гӯй, ки аз шуниданаш тапиши дилам тезтар шавад.
Ҷавон:
– Падарат дар пуштат истодааст.
Троллейбус
Зан аз мард мепурсад:
– Фарҳодҷон, ба хона бо чӣ меравем?
Мард мегӯяд:
– Гулиҷон, ту бо чӣ рафтан мехоҳӣ?
Зан мегӯяд:
– Намедонам тарзи дурусти талаффузаш чӣ гуна бошад: “таксӣ” ё “такси”?
Мард мегӯяд:
– Тарзи дурусташ “троллейбус”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ