Аз таҳти дил бихандед!
Духтур ва ҳамшира
Ҳамширае бо таҳлука назди духтур омада, мегӯяд:
– Аҳволи бемори 7-ум палата ҳар дақиқа бад шуда истодааст.
Духтур бо ғазаб эрод мегирад, ки ин тавр гуфтан лозим нест. Бояд чунин гуфт:
– Бемор аз 7-ум палата фикр мекунад, ки аҳволаш бад шуда истодааст.
Рӯзи дигар ҳамшира оромона ба табиб мегӯяд:
– Духтур, бемор аз 7-ум палата фикр мекунад, ки ӯ мурдааст…
Ҳуруфчин
Ҳуруфчине ба назди духтури дандон рафт. Духтур гуфт:
– “А” гӯед.
– “А”-и калон ё “а”-и хурд?
Азизакам…
Соҳибҷамоле ба ҷавони дӯстдоштааш мегӯяд:
– Барои тасаллои дил, ақаллан боре ба ман “азизакам” гуфта, муросо намо!
Ҷавон бо ғурур, ҳавобаландона мегӯяд:
– Эҳ, ҳа-а-а! Ман то ба ҳол боре ҳамсари худро “азизакам” нагуфтааму…
– Эҳ, ҳа-а-а! Чӣ, ту зан дорӣ?,- мегӯяду мушти обдоре бар сари ҷавон мезанад.
Ҳуш аз сари ҷавон парида, мегӯяд:
– Азизакам, ту аз зани дуюмам ҳам боқувваттар будаӣ…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ