Аз таҳти дил бихандед!
Рӯзҳои дарозу кӯтоҳ
Дар вақти имтиҳон муаллим аз шогирд пурсид:
– Дар бораи аз гармию сардӣ тағйир ёфтани ҷисмҳо чӣ медонӣ?
Шогирд каме фикр карду гуфт:
– Ҳамаи ҷисмҳо аз гармӣ васеъ ва аз сардӣ фушурда мешаванд.
– Дуруст,- гуфт муаллим.- Канӣ як мисол гӯй.
– Масалан, вақти тобистон, ки ҳаво гарм аст, рӯзҳо дароз ва дар зимистон, ки ҳаво сард мебошад, рӯзҳо кӯтоҳ мешаванд.
Аввал себ диҳед
Муаллим ба шогирд:
– Ту ду дона себ дорӣ, ман ба ту боз ду донаи дигар себ додам. Ҷамъ дар дасти ту чанд себ мешавад?
Шогирд:
– Аввал себ диҳед, баъд мегӯям.
Садо
Ду рафиқ ба садои ҷӯшидани об гӯш медоданд. Яке аз онҳо пурсид:
– Ин садои чист?
Дигар ҷавоб дод:
– Садои микробҳо.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ