Аз таҳти дил бихандед!
Тухми шикаста
Марде ба мағоза медарояд:
– Тухм чанд сомонӣ?
Фурӯшанда дар ҷавоб:
– 1 сомониву 50 дирам. Тухмҳои шикастаро бошад, 50-дирамӣ мефурӯшем.
Мард мегӯяд:
– Ин тавр бошад, ба ман даҳ дона тухмро шикаста диҳед.
Дӯстӣ
Ҳорун ба Баҳлул гуфт:
– Дӯсттарин мардумон дар назди ту кист?
Гуфт:
– Он ки шиками маро сер созад.
Гуфт:
– Ман сер месозам, пас маро дӯст хоҳӣ дошт ё на?
Гуфт:
– Дӯстӣ нася намешавад.
Вохӯрӣ
Дар биёбон маркаб бо прапоршик вомехӯранд.
Маркаб мепурсад:
– Ту кистӣ?
Прапоршик ба атроф нигариста, мегӯяд:
– Ман капитан. Ту чӣ?
Маркаб ба атроф нигариста:
– Ман асп.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ