Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Булбули гелосхӯр

Рӯзе Булбул ном писарбачае ба боғ гелосхӯрӣ даромадааст. Ногоҳ боғбон дар болои дарахт гелосхӯрии ӯро дида, гуфтааст:

– Бача, чӣ ном дорӣ?

– Булбул,- ҷавоб додааст ӯ.

– Агар булбул бошӣ, канӣ суруд хон,- хоҳиш кардааст боғбон.

Боғбон овози гӯшхарошу нофорами ӯро шунида, гуфтааст:

– Наход, ки булбул ҳамин хел хонад?

Бача аз болои дарахт ҷавоб додааст:

– Булбули гелосхӯр ҳамин хел мехонад.

Ниқоб

Аз занбӯрпарваре мепурсанд:

– Чаро вақти ҷамъоварии асал ба сари худ халта мекашед?

Занбӯрпарвар мегӯяд:

– Агар баъдан занбӯрҳо маро шиносанд, ҳолам бад мешавад.

Нафақа

Дар маъракаи занон яке аз духтарон аз дугонаҳояш мепурсад:

– Дугонаҳо, нафаре аз шумо бо марди пиронсол ишқбозӣ кардааст? Канӣ тавсияву маслиҳатҳоятон чӣ гуна аст?

Бонуе дар ҷавоб мегӯяд:

– Нафақаи онҳо баъд аз санаи 10-уми моҳ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *