Аз таҳти дил бихандед!
Хоби бад
Зани тундхӯе нимишабӣ дар хоб дасту по мезад ва фиғон мекард. Шавҳараш ӯро аз хоб бедор карда, сабаб пурсид.
Зан гуфт:
– Хоби баде дидам, гӯё ман мурдааму мардум дар тараддуди гӯру кафани ман шудаанд.
Шавҳар гуфт:
– Аҷаб аҳмақам ман, ки туро бедор кардам.
Рамазон
Зоҳиде дар маҷлис мегуфт:
– Оё моҳи Рамазон аз мо хушнуд рафт?
Зарифе гуфт:
– Бале, хушнуд рафт.
Зоҳид пурсид:
– Аз куҷо медонӣ?
Гуфт:
– Аз он ҷо ки агар хушнуд наравад, соли дигар боз наояд.
Кактус
Ду дугона нишастаанд, яке ба дигар мегӯяд:
– Лайлӣ, кактусҳо дар пеши тиреза барои онанд, ки мардҳо ба хона надароянд?
– Не. Барои он, ки аз хона набароянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ