Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дугонаҳои соддафеъл

Ду дугонаи соддафеъл рафта истодаанд. Яке оинача меёбаду ба он нигариста, мегӯяд:

– Ин рӯй ба назарам шинос метобад.

Оиначаро аз дасти ӯ дугонааш мегираду ба он нигариста, нидо мекунад:

– Девона, ин ман-ку!

Камера

Мӯсафед ба наберааш:

– Дар замони шуравӣ бо як сум аз мағоза шакар, набот, чойи кабуд ва қанду қандалот гирифта мешуд…

– Ҳоло чӣ, бобоҷон?

– Намешавад, дар тамоми мағозаҳо камера часпонидаанд…

Ҷарима

– Аз шумо 50 сомонӣ ҷарима.

– Барои чӣ?

– Барои он ки дар ҷое, ки мумин нест, моҳӣ медоред.

– Ман моҳӣ намедорам, танҳо кирмро оббозӣ доронда истодаам.

– Ку кирмро ба ман нишон диҳед. Ҳааа! Аз шумо 100 сомонӣ ҷарима!

– Инаш боз барои чӣ?

– Кирматон бе либоси шиноварӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *