Аз таҳти дил бихандед!
Таъриф
Се мард занҳои худро таъриф мекунанд:
– Санавбари ман ба дараҷае ба дасту панҷа аст, ки дирӯз пиёларо шикастам, онро чунон ширеш кард, ки шикастанашро намефаҳмӣ, ана худатон бинед!
– Ман боре шимамро дарондам, Гулчеҳраи ман онро чунон дӯхт, ки тамоман номаълум шуд, ана худатон бинед!,- лоф мезанад марди дуюм.
Марди сеюм мегӯяд:
– Зани ман бошад, куртаамро чунон мешӯяд, ки гӯё тамоман нашуста бошад, ана худатон бинед!
Қарз
Падар ба духтараш мегӯяд:
– Духтарҷон, хостгории Асрорро қабул кун. Ӯ воқеан туро дӯст медорад.
– Дӯст доштанашро аз куҷо медонӣ, дада?
– Ман як сол аст, ки аз ӯ пул қарз мегирам, вале боз ба хонаамон меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ