Аз таҳти дил бихандед!
Сулҳ не, ҷанг…
Ҷавони ошиқе ба ман муроҷат карда, гуфт:
– Устод, умри шумо ба ҷое расидаву талхиву ширинии рӯзгорро чашидаед. Мехоҳам аз шумо маслиҳате пурсам.
Гуфтам:
– Бипурс.
– Чанд рӯз аст, ки бонуям бо ман қаҳрӣ аст,- гуфт бо ноумедӣ.- На хушомад таъсир мекунад ба ӯву на илтиҷо. Намедонам чӣ кор кунам. Роҳе нишон диҳед, ки миёни мо сулҳ шаваду оштӣ кунем.
– Агар ман бо истифода аз таҷрибаи худам ба ту маслиҳат диҳам, тибқи он амал мекунӣ?,- пурсидам бо кунҷковӣ.
– Албатта иҷро мекунам,- гуфт бо дипурӣ.- Вагарна чаро муроҷиат кардам?
– Ту медонӣ, ки бонуҳо хушомаду оштиро дӯст намедоранд?,- гуфтаму илова кардам:
– Ту беҳтараш бо ӯ ҷанг кун, ҷанг. Ана баъд сулҳ ҳам мешавад.
– Чӣ хел ҷанг кунам?,- ҳайрон шуда пурсид.
– Шуруъ кун аз лабҷанг,- гуфтам бо ханда,- лабҷанг.- Ана баъд сулҳи пойдор фаро мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ