Аз таҳти дил бихандед!
Имтиҳон
Донишҷӯе аз фанни ҷуғрофия имтиҳон месупорад. Ба саволҳои устод хеле суст ҷавоб медиҳад. Профессор мепурсад:
– Хуш, ҷавони нағз, мебинам, ки каллаи шумо мисоли биёбон холист!
Донишҷӯ дар ҷавоб:
– Эҳтимол устод, вале дар ҳар биёбон сабзаҷое ҳасту уштурҳои беақл онро пай намебаранд…
Система
Рӯзи 1-уми сентябр, дар синфи як муаллима ба толибилмон мегӯяд:
– Бачаҳо, шумо ба мактаб омадед. Дар ин ҷо хомӯш нишастан лозим аст. Агар чизе пурсиданӣ шавед, даст бардоред. Аҳмад дасташро мебардорад. Омӯзгор дарҳол мепурсад:
– Ту чӣ пурсидан мехоҳӣ, Аҳмадҷон?
Аҳмад дар ҷавоб:
– Не, ман ҳамту фаҳмидан хостам, ки ин система чӣ гуна амал мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ