Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Туҳфа

– Ана, ба ту туҳфаи солинавӣ,- мегӯяд падар ба писараш сеторро дароз карда.

– Раҳмат,- қаноатмандона мегӯяд писар,- о, дада, барои чӣ торҳояш нест?

– Ҳама кор якбора намешавад-да, бачем, аввал ту навохтанашро ёд гир, баъд торҳояшро мехарем.

Лӯлакабоб

Тарабхона. Соли нав. Шаб аз нисф гузаштааст. Мизоҷе бо садои баланд:

– Пешхизмат, ин чӣ хел лӯлакабоб аст, ки ту барои ман овардӣ? Ним соат мешавад, ки ман онро бурида наметавонам.

Пешхизмат:

– Ако, шумо шитоб накунед, имшаб мо тарабхонаро соати 7-и саҳар маҳкам мекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *