Аз таҳти дил бихандед!
Фарқият
Марде аз дӯсташ мепурсад:
– Абдулло, фарқи маъшуқа аз завҷа дар чист, медонӣ?
Абдулло мегӯяд:
– Не, намедонам.
Дӯсташ мегӯяд:
– Маъшуқа ба хотири пулат тамоми нозу нузатро мебардорад…
Абдулло мепурсад:
– Зан чӣ?
Мард мегӯяд:
– Бо зан баръакс аст, дӯстам. Бо пули худат ту тамоми нозу нузи занатро мебардорӣ…
Монандӣ
Марде ба дӯсташ мегӯяд:
– Маро аксаран ба Худо баробар мекунанд.
Дӯсташ ҳайрон шуда:
– Девона шудаӣ, чаро чунин мегӯӣ?
Мард мегӯяд:
– Охир, ба куҷое наравам, ҳама бо як овоз мегӯянд: “Худоё… боз ту омадӣ?”.
Наркоз
Табиб аз бемор мепурсад:
– Бемор, худатонро чӣ хел ҳис мекунед?
Бемор мегӯяд:
– Ҳоло хубам, вале баъди ҷарроҳӣ гумон мекардам, ки ба сарам бо хишт зада бошанд.
Табиб мегӯяд:
– Бубахшед бемор, наркоз надоштем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ