Аз таҳти дил бихандед!

“Фейсбук”

Бемор ба назди духтур омада, мегӯяд:

– Духтур, ба ман ёрӣ диҳед. Тамоми фикру хаёлам фақат банди “Фейсбук” аст. Шабу рӯз дар гуруҳ мешинам. Чӣ кор кунам, чӣ маслиҳат медиҳед?

Духтур мегӯяд:

– Бемории шумо бисёр ҳам ҷиддӣ аст. Рафтем, бо шумо дар мессенҷер гап мезанем!

Бовар

Марде аз дӯсташ мепурсад:

– Аброр, ту барои чӣ аз занат ҷудо шудӣ?

Аброр дар ҷавоб:

– Э бовар кун, ду моҳи дароз “ту маро дӯст намедорӣ” гуфта, ҷонбезорам кард.

Мард ҳайрон шуда:

– Баъд чӣ шуд?

Аброр мегӯяд:

– Ҳамин шуд, ки ман ба гуфтааш бовар кардам!

Дарди сар

Шавҳар шабона занашро ба оғӯш гирифтанӣ мешавад:

– Занакҷон…

Зан рӯяшро ҷониби девор гардонида, мегӯяд:

– Мардак, сарам дард дорад… Намехоҳам…

Шавҳар дар ҷавоб:

– О ман туро ба фикр кардан маҷбур намекунам ку!

Бахшиш

Мард ба занаш менависад:

– Азизам, маро дӯст медорӣ?

Зан дар ҷавоб:

– Бале, дӯст медорам!

Мард боз менависад:

– Хиёнатамро мебахшӣ?

Зан мегӯяд:

– Албатта, ба мурдаҳо ҳама чиро мебахшанд!…

Марги ишқ

Ҷавон ба дӯстдоштааш менависад:

– Ту дар куҷоӣ? Боз ҳамроҳи дугонаҳоят ба зиёфат рафтӣ? Ман ба ту иҷозат надода будам ку! Барои чӣ рафтӣ?

Зан дар ҷавоб:

– Ту девонаӣ магар? Ман дар ҷаноза ҳастам.

Ҷавон мегӯяд:

– Узр, намедонистам. Кӣ мурд?

Духтар менависад:

– Ишқи ман ба ту!

Зебо

Ҷавон ба духтар менависад:

– Ту зебо будаӣ. Биё вохӯрем?

Духтар менависад:

– Наметавонам.

Ҷавон мепурсад:

– Барои чӣ наметавонӣ?

Духтар:

– Ман танҳо дар акс зебоям.

Хоб

Духтар ба ҷавони дӯстдоштааш мегӯяд:

– Тамоми шаб хоб дидам, ки дучархаронӣ мекунам.

Ҷавон мегӯяд:

– Ман бошам, дар хобам ишқварзӣ кардам?

Духтар хурсанд шуда:

– Ҳамроҳи ман?

Ҷавон мегӯяд:

– Нее, ту бо дучархаат куҷое рафтӣ…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *