латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Санг

Марде ҳамроҳи писараш ба сари қабри хушдоманаш мераванд. Писарак мепурсад:

— Дада, барои чӣ дар қабри бибиям ин қадар санги калон гузошта шудааст?

Падар дар ҷавоб:

— Барои он, ки ба берун баромада натавонад, бачем.

Ҷабрдида

Дар толори суд аз ҷабрдида мепурсанд:

— Ҷабрдида, шумо ҳамин нафарро, ки мошинатонро дуздидааст, шинохтед?

Ҷабрдида дар ҷавоб:

— Рафиқ судя, баъд аз суханронии адвокати ин кас ман бо дилпурӣ гуфта наметавонам, ки мошин доштам ё не.

Қошуқи дарида

Ҷавоне бори аввал ба шаҳр омада, дар тарабхона хӯрок дархост мекунад. Хӯрокро меоранду дар табақчае чангакро низ оварда, дар наздаш мегузоранд. Ҷавони деҳотӣ ба чангак дурудароз нигоҳ карда, ба пешхизмат мегӯяд:

— Мебахшеду ин қошуқатон даридагӣ аст, боз бори ман накунед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.