толеънома

Толеъномаи 18-уми ноябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз фикр мекунед, ки аз уҳдаи корҳоятон баромада наметавонед. Вале агар кӯшиш кунед, албатта ба марому мақсадатон мерасед. Дилатонро танг нагиреду худро ноуҳдабаро ва бетолеъ ҳис накунед. Нимаи дуюми рӯз ошиқатон сюрпризе бароятон омода мекунад, ки хеле хушатон меояду муносибатҳоятонро гармтару қавитар мегардонад. Дар коргоҳ роҳбаратон кори душвору масъулиятнокро ба дӯшатон вогузор мекунад.

Савр (21 апрел-22 май)

Аввали рӯз вохӯрии корие дар назар аст, ки сарнавишти саврҳоро  пурра дигаргун намуда метавонад. Даромади пулӣ ин рӯз шуморо дар назар нест. Охири рӯз дӯсти наздикатон бо рафтори номатлубу суханҳои бемаънияш дилатонро меранҷонад. Сари қаҳру ғазаб ба решаи ниҳоли дӯстиятон теша назанед. Беҳтараш ба рухсатӣ бароеду каме асабҳои хастаатонро ором кунед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Мушкилиҳо нимаи дуюми рӯз асабҳоятонро хароб мекунанд. Озурдадил набошеду роҳи ҳалли муамморо ҷӯё шавед. Дӯстонатон гиреҳи мушкилатонро бо осонӣ мекушоянд. Дар ҷабҳаи ишқу муҳаббат баъзе нокомиҳо сар зада метавонанд. Хабаре, ки охири рӯз мешунавед, дилатонро аз зиндагӣ сард мегардонад. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна хавфи ба депрессия гирифтор шудан вуҷуд дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои вохӯрӣ ва истироҳат. Шартномаҳое, ки аввали рӯз баста мешаванд, даромади калон меоранд. Шиносоии тасодуфӣ метавонад шуморо ба дунёи ишқу муҳаббат бубарад. Ситораҳо дар пайдо намудани бахт ба нафарони муҷаррад мадад мерасонанд. Даромади пулӣ охири рӯз дар назар аст.

Асад (23 июл-23 август)

Ин рӯз барои баланд бардоштани обрӯятон дар назди ҳамкорон камари ҳиммат бандед. Дар ин давра аз вохӯриҳои ошиқона худро дар канор бигиред, вагарна хавфи сар задани моҷарои оилавӣ пайдо шуда, метавонад бинои зиндагиатонро хароб созад. Хавфи фиреб хӯрдан дар тиҷорат вуҷуд дорад, аз ин рӯ, ба тоҷирон маслиҳат медиҳем, ки ин рӯз ниҳоят эҳтиёткор бошанд. Ҳамёнатонро аз чашму дасти дуздон дуртар нигоҳ доред ва аз одамони ношинос дӯрӣ биҷӯед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Аввали рӯз ҳар кореро оғоз мекунед, аввал хуб фикр карда, тамоми паҳлуҳояшро фарогир шавед. Барои оғоз намудани тиҷорат айёми беҳтарин аст. Шансатонро аз даст надиҳеду аз саршавии кор нагузоред, ки пойдевор каҷ сар шавад, вагарна ягон натиҷае нахоҳад дод. Дар оилаи баъзе саврҳо охири рӯз мушкилоти пулӣ сар мезанад, вале ҳамёнатон дергоҳ холӣ намемонад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ин рӯз мизонҳо рафтору кирдорашонро бояд дар тарозуи ақл баркашанд, чунки аз захми забонашон чандин нафарро ранҷонидаанду каме ҳам бошад, пушаймон шудаанд. Онҳое, ки бекоранд, ба ҷустуҷӯи кор мебароянд. Ҳатман кор бо даромади хуб ҷӯеду назди дигарон сархаму муттаҳам нашавед. Нимаи дуюми рӯз даромади калон дар назар аст. Хайр намуданро фаромӯш насозед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи нав бо ташвишу мушкилиҳояш зодагони ин бурҷро як лаҳза ором нишастан намемонад. Кӯшед тамоми корҳо ва мушкилиҳоро мардона паси сар намоеду ба зиндагӣ ҳамеша дилгарм бошед. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ақрабҳои муҷаррадро нобарориву озурдагӣ дар назар аст. Рашки бемавридатон ошиқатонро дилгир намуда, аз худ дур мекунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳои муҷаррад ин рӯз худро нотавону бемадор ҳис мекунанд. Аз танҳо мондан метарсед. Худро ба даст бигиред, вагарна ин тарсу ҳарос ба сар задани беморӣ сабаб мегардад. Беҳтараш ба худатон бештар аҳамият диҳед. Хушрӯй, боақл ва дилҷӯй буданатонро нишон дода, ба зудӣ бо дасти худ дари бахтатонро кушода метавонед. Дар интихоби ёр бисёр инҷиқӣ накунед, чунки дар дунё одами бе камбудӣ нест.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз вазъи саломатии баъзе ҷаддиҳо наздиконашонро ба ташвиш меорад. Аз ҳад зиёд фикр кардан дар бораи ғайбати ҳамсояҳо ва мушкилоти ҳаёти шахсӣ ҷаддиҳои муҷаррадро ба ташвиш меорад.  Нимаи дуюми рӯз сафари корӣ асадҳои соҳибмақомро дар назар аст. Дӯстоне пайдо мекунед, ки минбаъд гиреҳи бисёр мушкилоти зиндагиатонро кушода метавонанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз дарк мекунед, ки майли истироҳат доред. Беҳтараш ба рухсатӣ бароеду дам бигиред, то бемориҳои куҳнаатон хурӯҷ накунанд. Тӯли як моҳ аз техникаю технологияҳои зарарнок дуртар буданро ба ҳамалҳои меҳнатдӯст тавсия медиҳем, чунки хавфи сар задани садама вуҷуд дорад. Нимаи рӯз ду хабарро интизор бошед, яке хуш ва дигаре нохуш. Хабари хушро шунида, нохушашро шӯхӣ қабул кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бастани шартномаҳо ва вохӯриҳои корӣ дар назар аст, вале нақшаҳое, ки як рӯз қабл тарҳрезӣ карда будед, барбод мераванд. Далвҳое, ки бо тиҷорат сарукор доранд, нимаи дуюми рӯз каме даромад ба даст меоранд, вале маблағ барои харҷи рӯзгор сарф мешавад. Далвҳои муҷаррад ин рӯз бояд худро аз васвасаҳои ошиқона дур бигиранд. Ҳанӯз фурсати кушодани дари бахти ҳутҳо фаро нарасидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.