Аз таҳти дил бихандед!
Табиб
Табиб ба марде, ки аз дари утоқаш ворид мегардад, хитоб мекунад:
– Либосатонро кашед!
Мард:
– Барои чӣ?
Табиб:
– Ман табиб ҳастам, хубтар медонам барои чӣ!
Мард либосашро мебарорад.
Табиб мепурсад:
– Шуморо чӣ ташвиш медиҳад?
Мард дар ҷавоб:
– Ман ангишт овардам, дар куҷо мошинро холӣ кунам?
Туҳфа
Зан ба шавҳар мегӯяд:
– Мардак, дар зодрӯзат чӣ туҳфа мехоҳӣ?
Мард дар ҷавоб:
– Намедонам.
Зан боз мепурсад:
– Дилат чӣ мехоҳад, охир?
Мард мегӯяд:
– Ҳамсоязанро аз ошёнаи чорум.
Гуноҳи мард
Субҳ зан ба шавҳар мегӯяд:
– Ту боз дар хобат гап задӣ.
Шавҳар дар ҷавоб:
– Худоё, ман дигар дар хобам ҳам гап назанам?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ