Аз таҳти дил бихандед!

Таъмир

Омӯзгор ба толибилм мегӯяд:

— Зокирова, ту чаро пули таъмири мактабро наовардӣ?

Толибилм дар ҷавоб:

— Ман мактабро нашикастаам, чаро пул биёрам, муаллима?

Бахти кушода

Духтаре назди фолбин омада, мегӯяд:

— Ду ҷавон ба ман ошиқ ҳастанд, Шаҳром ва Суҳроб. Ба ман гӯед, ки бахти кадомаш механдад?

Фолбин қарта кушода, мегӯяд:

— Бахти Шаҳром механдад, ту зани Суҳроб мешавӣ…

Ҷанги духтарон

Ҷавоне ба милисахона занг мезанад. Милисаи навбатчӣ гӯширо бардошта:

— Шуморо гӯш мекунем.

Ҷавон:

— Дар ин ҷо 2 духтар барои ман рӯканиву мӯканӣ доранд.

Милиса дар ҷавоб:

— Ин хушбахтист-ку!

Ҷавон дар ҷавоб:

— Не, ако, гап сари он аст, ки духтари баднамуд ғолиб омада истодааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.