Аз таҳти дил бихандед!
Хостгорӣ дар ҷаноза
Шавҳари зане вафот мекунад. Зан дар ҷанозаи шавҳар доду фиғонкунон мерафту фарёд мекашид:
– Чаро ман неву ту мурдӣ, кош ба ҷои ту ман мемурдам!
Дар ин асно ду марди роҳгузар ба якдигар мегӯянд:
– Зани хеле зебо будааст, нишониашро медонистем, хостгор равон мекардем…
Зан гапзании мардонро шунида, фарёдзанон мегӯяд:
– Оҳ номард, чаро маро дар Душанбе, хиёбони Рудакӣ 113, подезди 8, ҳуҷраи 88 танҳо гузоштиву рафтӣ!
Посух
Духтарчаи 4-солае дар таксӣ бо лаззати зиёд қанд мехӯрад. Марди ҳамсафар ба ӯ нигариста, мегӯяд:
– Магар намедонӣ, ки қанд ба саломатӣ зарар дорад?
Духтарак ба мард нигариста, мегӯяд:
– Бобоям, Худо раҳматаш кунад, 115 сол умр дида буд!
Мард бо тааҷҷуб мепурсад:
– Бо сабаби қанд хӯрдан?
Духтарак мегӯяд:
– Не, бобоям ҳамеша бо кори худаш банд буду ба дигарон коре надошт!
Калтак
Наврасе бори аввал хост, ки рӯза бигирад. То фаро расидани шом вақти кам монда буд, вале ӯ дигар тоқат карда натавонист. Бо ҳар баҳона рӯзаашро хӯрдан мехосту ба торҳои асаби падараш нохун мезад.
– Дада, шоколад хӯрам, рӯзаам мешиканад?
– Бале…
– Оби газнок нӯшам чӣ?
– Мешиканад…
– Чӣ хӯрам, ки рӯзаам нашиканад?
Падар бо қаҳр:
– Калтак!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ