намоз

Маърифати исломӣ: Қарзҳои намозамро чӣ тавр хонам?

Аз 6-7-солагӣ намоз хонданро шуруъ кардам ва ҳоло 19-сола ҳастам. Дар муддати аз 12-солагӣ то ҳол Худо медонад чӣ қадар қазо кардам. Ба ман гӯед, ки чӣ гуна қазо хонам, 7 солро қазо хонам ё ягон роҳи дигар дорад?

СУННАТУЛЛО, шаҳри Хуҷанд

Ҷавоб:

— Ҳукми қазо доштани намоз фарз аст ва ба ҳамон сурате, ки адо карда мешавад, ҳамон гуна қазои он ба ҷо оварда мешавад.

Агар инсон ёд надошта бошад, ки чӣ қадар намоз аз ӯ қазо шудааст, ба ғолиби гумонаш амал кунад ва теъдоди онро муайян намуда, сипас қазои онро ба ҳамон равише, ки адо мекард, ба ҷо орад. Агар дақиқ карда натавонад, ки чӣ миқдор намозро фавт кардааст, дар ин сурат дар ҳама ракъатҳои намозҳои чаҳорракъатӣ пас аз хондани сураи «Фотиҳа» сурае зам кунад, чунонки дар китоби «Хулосатул-фатово», ҷ. 1, с. 191-192 омадааст. Ногуфта намонад, ки ғайр аз намози фарз ва воҷиб дигар намозҳо қазо надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *