Аз таҳти дил бихандед!
Рӯбардор
Зане ба дугонааш занг зада, мегӯяд:
– Дугона, ту вазифаи хонагии писаратро иҷро кардаӣ?
Дугонааш мегӯяд:
– Бале, кардам.
Зан хурсандона:
– Дафтари писаратро ба ман ҳам деҳ, барои духтарам рӯбардор кунам!
Фармон
Ду писарбача падарҳояшонро таъриф мекарданд:
– Падари ман чунон бақувват аст, ки ана ҳамин санги вазнинро мебардорад,- гуфт писарбачаи аввал.
– Падари ман бошад, якбора ду санги вазнинро мебардорад,- паст наомада, гуфт писарбачаи дуюм.
– Чӣ хел?,- дар ҳайрат шуда, пурсид дигарӣ.
– Ана ҳамин хел, ӯ фармон медиҳад ва ин сангҳоро ҷонишинаш мебардорад,- ҷавоб дод ӯ.
Хоҳиш
Мактуб ба бахши мусиқии радио:
– Сардори мо тоқати шунидани сурудҳои Қадами Қурбонро надорад. Гуфт, ки агар бори дигар овози ӯро шунавад, худашро мекушад. Хоҳишмандем, сурудҳои Қадами Қурбон – «Мндалағут», «Азизам» ва «Бобо шидм»-ро шунавонед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ