Аз таҳти дил бихандед!
Сигор
Марде дар кӯча сигор мекашад. Зане наздаш омада, мегӯяд:
– Ҳой мардак, айбро намедонед, дар назди кӯдакон сигор мекашед?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
– Мебахшеду ин сигорро ман аз ҳамин кӯдакон кашида гирифтам!
Шарти ҳамсар
Баъди тӯй мард ба занаш мегӯяд:
– Азбаски ту ҳамсари ман ҳастӣ, бояд се одати маро эҳтиром намоӣ: Якумаш, ҳар рӯзи чоршанбе ман бо дӯстонам ба бозии футбол меравам. Барф аст, борон аст, фарқаш нест. Футбол! Фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам,- мегӯяд зан.
Мард гапашро давом медиҳад:
– Дувум. Ҳар рӯзи ҷумъа ман бо дӯстонам ба зиёфат меравам. Фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам,- ҷавоб медиҳад зан.
Мард боз мегӯяд:
– Сеюмаш, ҳар рӯзи якшанбе ман ба моҳидорӣ меравам. Зимистон, сардӣ, зодрӯзи хушдоман садди роҳи ман шуда наметавонад, зеро ман ба моҳиқапӣ меравам. Фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам,- ҷавоб медиҳад зан.
Мард:
– Хайр, шартҳои маро қабул дорӣ?
– Бале,- мегӯяд зан.
Мард:
– Зид ҳастӣ?
– Не,- мегӯяд зан.
– Шояд ту ҳам ягон одат дорӣ, канӣ гап зан?,- мепурсад мард.
Зан:
– Бале, якто дорам. Ҳар бегоҳ соати 9 ман ба ишқварзӣ машғул мешавам. Шавҳарам дар хона ҳаст ё нест, барои ман фарқ надорад. Фаҳмидӣ?
Кабӯтар бо маймун
Ҷавоне ба духтаре мегӯяд:
– Духтари зебо, бо шумо шинос шудан мумкин?
Духтар:
– Дар куҷо дидаӣ, ки кабӯтар бо маймун шинос шавад?
Ҷавон дар ҷавоб:
– Ҳммм, ин тавр бошад, ман паридам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ