Машварати ҳуқуқӣ: Худро аз шавҳари бадмаст чӣ тавр ҳимоя намоям?

Даҳ сол боз оиладор ва соҳиби як фарзанд ҳастам. Аз рӯзи аввали тӯямон шавҳарам ба арақ дил баста буд ва тамоми ин солҳо пайваста масту аласт омада, зиндагиамонро талх мекунад. Солҳои охир дар сари мастӣ чунон корҳое мекунад, ки ба ақли кас рост намеояд, вале баъди ҳушёр шуданаш узр мепурсад. Ҷонам ба лаб расиду чизу чораамро бардошта, ба хонаи падарам омадам. Акнун шавҳарам таҳдид карда истодааст, ки ба хубӣ ба хона баргардам, вале ман намехоҳам. Илтимос, маслиҳат диҳед, худро аз шавҳари бадмастам чӣ тавр ҳимоя намоям?

М. Д.

— Шаҳрванд метавонад оид ба ҷой доштани зўроварии равонӣ дар оила ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии маҳали зисташ муроҷиат намояд.

Тибқи талаботи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» мақомоти корҳои дохилӣ метавонад ба шахси зўровариро дар оила содиркунанда амрномаи муҳофизатӣ диҳад.

Моддаи 93(1). КҲМ ҶТ. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила.

Моддаи 93(2). КҲМ ҶТ. Риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *