латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Хоб

Зан ба шавҳар мегӯяд:

– Мардакҷон, имшаб хоб дидам, ки ба ман ангуштарини тиллоӣ туҳфа кардаӣ.

Шавҳар мегӯяд:

– Ту агар бо ман ҷангу ҷанҷолатро бас кунӣ, ин дафъа дар хобат ба ту гарданбанди тилло мехарам.

Туҳфаи БДА

Кормандони БДА мошини Афандиро манъ карда, мегӯянд:

– Шумо аввалин ронандае ҳастед, ки қоидаи роҳро вайрон накардаед, марҳамат ин 1000 сомонӣ ба шумо туҳфа!

Афандӣ дар ҷавоб:

– Ура, бо ин пул ҳуҷҷати ронандагӣ мехарам!

Корманди БДА:

– Шумо ҳуҷҷати ронандагӣ надоред?

Ҳамин дам зани Афандӣ аз даруни мошин мегӯяд:

– Ако, аҳамият надиҳед, дар вақти мастияш вай ҳар гапро гуфтан мегирад.

Корманди БДА:

– Боз шумо маст ҳам ҳастед?

Хушдомани Афандӣ аз қафои мошин овоз мебарорад:

– Ман нагуфтам, ки бо мошини дуздӣ дур рафта наметавонем!

Никоҳи хешутаборӣ

Зану шавҳар бо ҳам муноқиша мекунанд. Зан бо ғазаб ба шавҳараш мегӯяд:

– Кошки ба ҷойи туро гирифтан шайтонро мегирифтам!

Мард дар ҷавоб:

– Никоҳи хешутаборӣ манъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *