Аз таҳти дил бихандед!
Шубҳа
Зане ба табиби равоншинос занг зада, арзи дил мекунад:
– Духтур, ҷавони дӯстдоштаам ҳар шом соати 20:00 хоб рафта, дигар ба паёмакҳои ман посух намедиҳад.
Равоншинос дар ҷавоб мегӯяд:
– Духтари нағз, аз афташ дӯстдоштаи шумо зан дорад.
Даҳшат
Зан ба шавҳар мегӯяд:
– Ту тамоман аз худ рафтаӣ? Дар ҳузури ман аз ин духтар чашм канда наметавонӣ!
Шавҳар дар ҷавоб:
– Азизакам, ман аз афти бадҳайбати ин духтар ҳайрон шудам.
Зан ин дафъа мепурсад:
– Ин тавр бошад, оби даҳонат барои чӣ рехт?
Шавҳар мегӯяд:
– Аз даҳшат азизам, аз даҳшат…
Оббозӣ
Зане ба шавҳараш паёмак менависад:
– Мардак, писарамонро аз кӯча ба хона оварда, оббозӣ дорону хӯрок дода, хобон.
Шавҳар дар ҷавоб менависад:
– Занак, чор кӯдакро оварда шустам, ҳанӯз бачаи худамонро наёфтаам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ