латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Рӯзахӯр

Нафаре дар шаҳр рӯзаашро мехӯрд. Пулис ӯро ба назди қозӣ овард, аммо дид, ки худи қозӣ кабоб хӯрда истодааст.

Қозӣ пурсид:

— Ин нафар чӣ гуноҳ кардааст?

Пулис гуфт:

— Ин нафар дар шаҳр нони қоқ мехӯрд, овардамаш, ки бо шумо кабоб бихӯрад!

Зоғ

Марде аз писараш мепурсад:

— Бачем, зоғ хабар овард, ки ту сигор мекашӣ.

Бача дар ҷавоб:

— Узр дада, аммо шумо чӣ мекашед, ки бо зоғ гап мезанед?

Маҷлис

Писарбача ба волидонаш мегӯяд:

— Пагоҳ дар мактаб маҷлиси падару модарон будааст. Муаллима гуфтанд, ки падарат шиносномаашро биёрад.

Модар ҳайрон шуда, мепурсад:

— Шиноснома барои чӣ?

Падар мегӯяд:

— Аз афташ дарҳол аз бонк қарз мегирем.

Роҳкиро

Ҷавоне ҳангоми аз автобус фаромадан ба пулчинак мегӯяд:

— Ако, ман роҳпулӣ надорам.

Пулчинак ба ғазаб омада, ҷавонро як лагад мезанад. Ҷавон аз пулчинак хоҳиш мекунад, ки як лагади дигар ҳам занад. Пулчинак дар сари қаҳр ӯро боз як лагади дигар мезанад. Ин дам ҷавон ба даруни автобус нигоҳ карда, мегӯяд:

— Гулӣ, ман роҳкирои туро ҳам додам.

Парол

Марде аз рафиқаш мепурсад:

— Ман намефаҳмам, ки пароли ноутбуки маро чӣ гуна шикастаанд…

Рафиқаш мепурсад:

— Паролат чӣ буд?

Мард мегӯяд:

— Соли канонизатсия шудани Доминики муқаддас аз ҷониби Григорий IX.

Рафиқаш ҳайрон шуда, мепурсад:

— Кадом сол аст?

Мард мегӯяд:

— 1234.

Мошин

Нозири роҳ мошинеро манъ карда, аз ронандааш мепурсад:

— Мошини худатон аст?

Мард дар ҷавоб:

— Қисман.

Нозир ҳайрон шуда, мепурсад:

— Чӣ хел қисман?

Ронанда мегӯяд:

— Мошин ба номи занам аст, вале онро писарам меронад, баъзан духтарам низ аз шаҳр берун сафар мекунад. Лекин агар вайрон шавад, он аз ман аст!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *