Аз таҳти дил бихандед!
Ман онам
Яке аз дигаре пурсид:
– Арақ хуб аст ё коняк?
Дигарӣ гуфт:
– Ман онам, ки ҳукм бар ғайб накунам.
Аввалӣ гуфт:
– Ман онам, ки тине берун аз ҷайб накунам.
Васият
Як шакарфурўш ба писараш васият кард:
– Вақте ки ман мурдам, ҳамин тарозуямонро ҳамроҳ ба зери хок мон.
Писар ҳайрон шуда, пурсид:
– Барои чӣ?
Падар гуфт:
– То ки гуноҳамро бо ҳамин тарозу баркашанд.
Ту ҳар рўз меоӣ
Ҷавонеро бори дуюм ба милисахона оварданд. Сардори милиса дарҳол ўро шинохт ва гуфт:
– Шарм намедорӣ-а? Ду бор шуд, ки ба ин ҷо меоӣ.
Ҷавон густохона гуфт:
– Ту бояд шарм дорӣ!
Сардори милиса ҳайрон шуда, пурсид:
– Барои чӣ?
Ҷавон посух дод:
– Ман ҳамагӣ ду бор ба ин ҷо омадам, ту бошӣ, ҳар рўз меоӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ