Аз таҳти дил бихандед!
Ширину талх
Дар маҷлисе яке аз ҳозирон пурсид:
– Чист, ки аввалаш ширину оқибаташ талх аст?
Ҳозирон бо як овоз нидо намуданд:
– Ваъдаи депутат!
Шохӣ
Рустами шашсола бори нахуст аз шаҳр ба деҳа, ба хона бобояш омад ва дар каҳдон шохиро дида, гуфт:
– Гов алафро бо вилкаи калон мехўрдааст.
Бобо гуфт:
– Ин вилка не, шохӣ.
Набера гуфт:
– Ҳа, вилка бо тоҷикӣ шохӣ мешавад, гўед.
Деги гап
Яке мегуфт:
– Дар замони рукуд деги хўрок меҷўшид.
Гуфтанд:
– Акнун чӣ?
Гуфт:
– Деги гап.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ