Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Аз телефон

Телефон занг зад. Мард гўшакро бардошт:

– Ало! Гўшам ба шумо! Аз куҷо гап мезанед?

Аз он сў гуфтанд:

– Аз телефон.

Зинда

Марде ба дӯсташ занг зада, мегӯяд:

– Расул, шунидам, ки занат мошини туро зада маҷақ кардааст…

Дӯсташ мегӯяд:

– Ҳа, аз мошин чизе намонд.

Мард боз мепурсад:

– Занат зиндаву саломат аст, охир?

Дӯсташ дар ҷавоб:

– Алҳол зинда, дар ҳаммом худашро маҳкам кардааст.

Меҳрубонӣ

Марде ба хона ворид шудан замон ба завҷааш рўй овард:

– Азизам, сатили партовро деҳ, партофта биёям!

Зан қавоқ андохта, бо ғазаб гуфт:

– Боз маошатро ба сари шароб задӣ?!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *