Аз таҳти дил бихандед!
Фолбин
Ҷавоне ба ҷавони дигаре гуфт:
– Бо автобус омадӣ?
Ў гуфт:
– Фолбинӣ? Аз куҷо фаҳмидӣ?
Гуфт:
– О, ягон тугма надорӣ-ку!
Ҳамсояҳо
Зане субҳгоҳон аз ҳамсояаш мепурсад:
– Ҳа, Гуландом, бемор шудӣ чӣ?
Гуландом дар ҷавоб:
– Савригул, барои чӣ ман бемор мешудаам?
Савригул мегӯяд:
– Ин саҳарӣ аз хонаат духтур баромада буд.
Гуландом мегӯяд:
– Хайр чӣ? Вақте субҳгоҳон аз хонаи ту полковник мебарояд, ман “Ҷанг сар шудааст” гуфта, дар тамоми кӯча доду вой намебардорам ку!
Ханда
Писаракеро пурсиданд:
– Оё модарат ягон бор механдад?
Гуфт:
– Моҳе як бор – рўзе, ки падарам маошашро меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ