Аз таҳти дил бихандед!
Намезояд, пас нар аст
Афандиро пурсиданд:
– Харат нар аст ё мода?
Гуфт:
– Намезояд, пас нар аст.
Ҷавоби вазир
Аз вазири кишоварзӣ мепурсанд:
– Дар назди хоҷагии қишлоқ кадом монеаҳо истодаанд?
Вазир гуфт:
– Онҳо бисёранд.
Боз мепурсанд:
– Асосиҳояшонро номбар намекунед?
Вазир мегӯяд:
– Асосиҳояшон чор аст: баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон.
Хайрият
– Дўстам, меҳмони нав муборак. Хурўс-а?
– Ҳа, хурўс!
– Ба ту монанд?
– Не, ба занам.
– Уф-ф… Хайрият-е…
– Чаро “хайрият”?
– О, гумон доштам, ки ба ман монанд мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ