Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шавҳари зӯр

Шавҳари занкалон китоби “Чӣ хел дар сари зани худат бояд зӯр шавӣ?”-ро хонда, пеши занаш меояд ва мегӯяд:

— Аз имрӯз гапи ман барои ту қонун! Бегоҳӣ барои ман манту мепазӣ, баъд пуштамро мемолию пойҳоямро бо оби гарм мешӯӣ. Вақти телевизортамошокунӣ сарамро молида меистӣ. Баъди ин кӣ либосҳоямро мекашаду маро мехобонад, аллакай фаҳмидӣ ба фикрам?

Зан:

— Мурдашӯ!

Ав-ав мекунам

Мард ба рафиқаш мегӯяд:

— Мехостам ба сагам як корро ёд диҳам: гушна ки монд, ав-ав карда, хӯрок талаб кунад. Садҳо бор ба вай инро нишон додам.

— Хайр, чӣ хел, ёд гирифт?

— Акнун то ман ав-ав накунам, ягон чиз намехӯрад.

Ду фарзанд

Мард ба фолбинҳо бовар надошт ва занаш барои исбот намудани ғайбдонии онҳо ӯро пеши якеаш мебарад. Мард ба фолбин мегӯяд:

— Канӣ ягон чизе гӯй, ки ман ҳайрон шавам.

— Масалан ман гуфта метавонам, ки ту ду фарзанд дорӣ,- мегӯяд фолбин.

— Хато кардӣ!,- шод мешавад мард.- Ман се фарзанд дорам.

— Ин ту хато карда истодаӣ,- мегӯяд фолбин,- якеаш аз ту нест!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *