Аз таҳти дил бихандед!
Фоидаи оиладорӣ
– Оҳҳо, ҳама тугмаҳоят дӯхтагӣ! Дидӣ, писарам, оиладор будан чӣ хел хуб аст?
– Ҳа, ин кори якум буд, ки занам ба ман ёд дод.
Моҷаро
Марде ба ҳамсояаш занг зада, мегӯяд:
– Парвиз, зудтар ба кӯча баро! Он ҷо ду зан барои ту моҷаро доранд!
Парвиз фахр карда, мегӯяд:
– Ҳа бародар, дидӣ қудрати маро, занҳо бароям ҷанг мекунанд…
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
– Ҳа, дида истодаам, як зан мегӯяд, ки “Парвизро ба ту бахшидам!”, дигараш мегӯяд: “Аз афташ безорам, ба худат насиб кунад!”.
Соҳиби аквариум
Телефон занг мезанад. Гӯшакро падари духтар мебардорад ва мешунавад:
– Ало, моҳичаи ман, ин туӣ?
Падари духтар:
– Не, ин соҳиби аквариум…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ