Аз таҳти дил бихандед!
Фоли неку фоли бад
Духтаре аз пирамарди солхӯрда мепурсад:
– Бобо, шумо ба фоли неку фоли бад бовар доред?
Мард дар ҷавоб:
– Аз вазъият вобаста аст. Ту чиро дар назар дорӣ?
Духтар мегӯяд:
– Масалан, субҳ бо пойи чап аз хоб мехезед…
Пирамард дар ҷавоб:
– Духтарам, дар синну соли ман субҳ аз хоб бедор шудан аллакай фоли нек аст.
Зоғ
Марде аз писараш мепурсад:
– Бачем, зоғ хабар овард, ки ту сигор мекашӣ.
Бача дар ҷавоб:
– Узр дада, аммо шумо чӣ мекашед, ки бо зоғ гап мезанед?
Телефон
Нозири роҳ мошинеро манъ мекунад, ки сари чанбараки он бонуи зебое нишастааст. Нозир мепурсад:
– Барои чӣ дар пеши мошин ва қафои он рақамҳои гуногун часпонида шудааст?
Зан бо карашма мегӯяд:
– Дар пеши мошин рақамҳои телефони дастиям, дар қафо рақами телефони хонаам аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ