Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Лайк

Мард ба зане паёмак менависад:

— Гулноз, дирӯз ман дар таги 5 акси ту лайк мондам, дар ёд дорӣ?

Зан дар ҷавоб:

— Бале.

Мард боз менависад:

— Имрӯз завҷаам ба ман гуфт, ки аз хона дафъ шуда, ба назди ту равам. Ту дар куҷо зиндагӣ мекунӣ?

Имтиҳон

Дар Донишгоҳи тиббӣ имтиҳон мегузарад. Омӯзгор ба донишҷӯён мегӯяд:

— Шогирдони азиз, шпаргалкаҳои худро баъди истифодабарӣ напартоед, солҳои аввали корӣ онҳо ба шумо даркор мешаванд.

Дӯкон

Дар тақ-тақ мешавад. Марде аз дарун мепурсад:

— Кист?

Дар ҷавоб:

— Кормандони милиса, дарро кушоед.

Мард мегӯяд:

— Ҳозир, истед. Ман қазои ҳоҷат карда истодаам.

Кормандони милиса:

— Мо медонем, дӯкони телефон шишагин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *