Аз таҳти дил бихандед!
Гул
Шавҳар ба хонааш маст омада, дарро тақ-тақ мекунад. Занаш дарро намекушояд. Шавҳар мегӯяд:
– Барои духтари хушрӯй гул овардам.
Зан дарҳол дарро кушода, мебинад, ки гул нест.
– Канӣ гул?,- мегӯяд зан.
Шавҳар дар ҷавоб:
– Канӣ духтари хушрӯй?
Таърих
Набера аз бобо мепурсад:
– Бобо, чӣ кор мекунӣ?
Бобо мегӯяд:
– Филми таърихӣ тамошо дорам.
Набера мегӯяд:
– Ин филми ошиқона аст ку!
Бобо мегӯяд:
– Барои ту ошиқона аст, барои ман аллакай таърихӣ…
Масофаи иҷтимоӣ
Дар толори суд аз судшаванда мепурсанд:
– Судшаванда, шумо ба гардан гирифтан намехоҳед, ки аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегурехтед?
Судшаванда мегӯяд:
– Не, рафиқ судя, ман танҳо масофаи иҷтимоиро риоя мекардаму халос.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ