латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Азроил дар «Фурӯғи субҳи доноӣ»

Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар Бохтар дар байни довталабони адабиёти муосир паиҳам ба номҳои Микоил ва Исрофил дучор шуда, изҳори тааҷҷуб кардам.

Вақте инро ба сардори ҳакамони адабиёти бачагона шоир ва ҳаҷвнигор Абдурауф Муродӣ нақл кардам, хандиду гуфт:

— Инҳо ҳеҷ гапе не, имрӯз як писарак худро Азроил муаррифӣ кард ва талхаи ҳакамонро кафонд.

Хари шӯхи ситамгар

Рӯзи дуюми сафарамон дар Яғноб ба мавзеъҳое расидем, ки роҳи мошингард надоштанд.

Аз деҳаи Пискон харҳо киро кардем. Ба устод Абдуллоҳи Раҳнамо хари хушфеъл афтод, ба мани камтолеъ бадфеъл. Аз халачӯб задану по ба шикамаш кӯфтану «их» гуфтан ҷон ба лабам омад. Аммо дӯстам Раҳнамо чунон роҳат буд, ки дар андак замоне хеле пеш рафт ва дар болои хар ба навиштани шеър дар бораи Яғноб даст зад. Ҳар боре байте менавишт, харашро нигоҳ дошта, онро бо садои баланд мехонд ва кайфияташро мепурсид. Ман андармони нозу нузи хари саркаш аранге гапашро мешунидам.

Корвончаамон дар вайронаи деҳаи Кантсе танаффус кард. Устод Раҳнамо байтҳои тоза навиштаашро хонду пурсид:

— Шумо шеър нанавиштед?

Гуфтам:

— Навиштам: «Эй хари шӯхи ситамгар, то ба кай сӯзӣ маро!?».

Ашки оҳу

Беморе назди фолбин рафт ва дарди худро барояш арз кард. Фолбин гуфт:

— Ба дарди ту ашки оҳу давост. Оҳуе ба даст ор ва ашкашро бинӯш.

Бемор гуфт:

— Ҳаббазо, чӣ давое фармудӣ! Фарз кардем, ба куҳ баромадаму оҳуро доштам, аммо, лутфан бигӯ, чӣ тавр маҷбураш кунам, ки бигиряд?!

Бандагӣ

Марди ванҷие, ки дар Хоруғ кор мекардааст, ба Ванҷ рафта, ҳафтае бедарак шудааст. Роҳбари ӯ, марди шуғнӣ, аз чунин ҳол ба ташвиш афтода, ба хонааш занг мезанад:

— Мебахшед, фалонӣ чаро ба кор намеояд?

— Он кас бандагӣ карданд,- ҷавоб медиҳанд аз он сӯ.

Шуғнӣ маънои ин гапро нафаҳмида, дӯғ мезанад:

— Бандагӣ кардаст, чӣ кардаст, барои худаш кардаст. Лекин агар пагаҳ ба кор ҳозир нашавад, гӯедаш, ки дигар наояд ҳам мешавад!

Худо барин

Афандиро пурсиданд:

— Фарзандонат гапи туро чӣ гуна гӯш мекунанд?

Гуфт:

— Худо барин.

Ҳайрон шуда, пурсиданд:

— Чӣ тавр?

Гуфт:

— Он гуна, ки бандагон ба гапи Худо боэҳтиром гӯш медиҳанд, аммо ба он амал намекунанд, фарзандони ман низ ҳамчунинанд.

Ато МИРХОҶА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *