Аз таҳти дил бихандед!

Тарабхона

Марде ба зани дӯстдоштааш мегӯяд:

— Садбарг, ҳамроҳи ман ба осорхона меравед?

Садбарг дар ҷавоб:

— Акрамҷон, шумо магар калимаи “тарабхона”-ро талаффуз карда наметавонед?

Давои хастагӣ

Аз марди коргаре, ки чанд сол боз ба рухсатии меҳнатӣ набаромадааст, мепурсанд:

— Чаро афтат хаста менамояд? Туро фавран ба духтур нишон додан лозим аст!

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

— Не, маро ба духтур не, ба Варзобу дараи Ромит нишон додан лозим аст.

Навбат

Дар назди утоқи кории духтури занона навбат хеле калон аст. Зане давида омада, ба нафарони дар навбат истода мегӯяд:

— Ман танҳо як чизро пурсида мебароям!

Нафарони дар навбат буда хитоб мекунанд:

— Хайр чӣ? Мо ҳам фақат як чизро нишон медиҳему мебароем!

Рӯйхати гумонбарон

Духтар ба падари прокурораш мегӯяд:

— Дада, ман ҳомиладор ҳастам.

Прокурор дар ҷавоб:

— Оҳ, Худоё… тифлат аз кист?

Духтар коғазеро ба падар дароз карда, мегӯяд:

— Ана, рӯйхати нафарони гумонбар…

Муколамаи ошиқон

Аз муколамаи ду дилдода.

Духтар менависад:

Ҷон, ин бегоҳ ба пушти ҳавлиямон биё, дар хона касе нест. Модару хоҳарам ба меҳмонӣ рафтаанду падарам пояшро шикастааст.

Ҷавон дар ҷавоб менависад:

— Ман рафта наметавонам, зеро ба табобати ҳамон ҷоям машғул ҳастам, ки падарат пояшро дар он зада шикаст.

Эълон

Марде ба идораи ҳафтанома занг зада, мепурсад:

— Ман дар ҳафтаномаи шумо эълон дода будам, ки сагам гум шудаасту ба нафари онро пайдонамуда 1000 доллар медиҳам. Ягон хабар ҳаст?

Корманди ҳафтанома ҷавоб медиҳад:

— Чизе гуфта наметавонам. Дар идора на муҳаррир асту на хабарнигорон, ҳама ба ҷустуҷӯи саги шумо баромадаанд.

Достон

Ҷавонзане аз шавҳараш мепурсад:

— Мардак, ту маро мисли он ки Маҷнун Лайлиро дӯст медорад, дӯст дошта метавонӣ?

Шавҳар дар ҷавоб:

— Намедонам, ман ин достонро нахондаам.

Зан боз мепурсад:

— Маро мисли оне, ки Отелло Дездемонаро рашк мекард, рашк карда метавонӣ?

Шавҳар дар ҷавоб:

— Намедонам, ман ин достонро нахондаам.

Зан ин дафъа мепурсад:

— Ту кадом китобро хондаӣ?

Шавҳар дар ҷавоб:

— «Муму»-ро хондаам. Агар саг барин ҷакидан гирӣ, дар об ғарқ кунонида, мекушам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *