Аз таҳти дил бихандед!
Калӯш
Афандӣ ба маъракае меравад ва вақти аз хона баромадан калӯшҳояшро наёфта, мегӯяд:
– Агар баъди 5 дақиқа калӯшҳоямро наоред, коре, ки падарам карда буд, ҳамонро мекунам.
Дузд тарсида, калӯшҳоро овардаву дар назди Афандӣ мегузорад ва мепурсад:
– Падарат чӣ кор карда буд?
Афандӣ дар ҷавоб:
– Падарам пойи луч ба хона рафта буд.
Аблаҳ
Муаллима аз бачаҳо мепурсад:
– Шумо калон шуда, кӣ шудан мехоҳед?
Даврон дар ҷавоб:
– Ман аблаҳ мешавам.
Муаллима ҳайрон шуда, мегӯяд:
– Давронҷон, барои чӣ чунин мегӯӣ?
Даврон мегӯяд:
– Вақте бо падарам сайругашт мекунем, пайваста мегӯяд: “Ин аблаҳро бин, мошини “Порш” дорад, хонаи он аблаҳро бин, чӣ хел зебост…”.
Туҳфа
Мард аз занаш мепурсад:
– Занак, дар зодрӯзат чӣ туҳфа кунам?
Зан дар ҷавоб:
– Ростӣ, намедонам…
Шавҳар мегӯяд:
– Майлаш, ба ту барои фикр кардан як соли дигар вақт медиҳам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ