Аз таҳти дил бихандед!
Мушкилот
Марде ба дӯсташ мегӯяд:
– Дирӯз ба назди равоншинос рафта будам. Тавсия дод, ки шабона тамоми мушкилоти худро аз дар берун гузорам.
Дӯсташ мепурсад:
– Хайр, чӣ хел? Гуфтаашро иҷро кардӣ?
Мард мегӯяд:
– Э, аз куҷо? Зану хушдоманам ҳеҷ дар кӯча хоб рафтан намехоҳанд.
Беморӣ
Зан дар дорухона аз фурӯшанда мепурсад:
– Барои мард валидол хуб аст ё нардсунбул?
Фурӯшанда мепурсад:
– Беморияш чист?
Зан мегӯяд:
– Попӯшии занона бо нархи 500 сомонӣ.
Ҷиноят
Дар идораи САҲШ духтаре аз дугонааш мепурсад:
– Дилбар, ту бори чандум аст, ки шавҳар мекунӣ?
Дилбар дар ҷавоб:
– Бори панҷум.
Дугонааш мегӯяд:
– Барҳақ ҷинояткор ба макони ҷиноят боз бармегаштааст!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ