Аз таҳти дил бихандед!
Таъбири хоб
Аъробие ба муфассири хоб гуфт:
– Хоб дидам, ки аз саргини уштур таом пухта истодаам. Таъбираш чист?
– Ду динор деҳ, таъбирашро мегӯям!,- гуфт муфассир.
– Дунёбехабар,-гуфт аъробӣ,- агар ду динор медоштам, магар аз саргини уштур таом мепухтам?
Террорист
Аз як генерали амрикоӣ пурсиданд:
– Террористонро афв кардан мумкин аст?
Генерал дар ҷавоб гуфт:
– Худо ӯро афв мекунад, агар хоҳад. Вазифаи мо ӯро ба наздаш фиристодан аст.
Субҳ
Марде духтарашро сарзаниш мекунад:
– Барои чӣ ба модарат гуфтӣ, ки ман қариби саҳар ба хона омадам?
Духтарак мегӯяд:
– Не, дадаҷон, ман ин тавр нагуфтам, ман ба ӯ гуфтам, ки вақте дадаам омад, ман таоми субҳона мепухтам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ