Аз таҳти дил бихандед!
Насиҳат
Падар аз писар мепурсад:
– Туро духтари дӯстдоштаат партофт?
Писар дар ҷавоб:
– Ҳа.
Падар мегӯяд:
– Зиқ нашав, ҳоло сад духтари дигар меёбӣ.
Писар:
– Садто? Худоё, барои кадом гуноҳам?
Абрӯ
Зан ба шавҳар:
– Ту маро ҳеҷ гоҳ намефаҳмӣ!
Шавҳар дар ҷавоб:
– Ман чӣ гуна туро нафаҳмам, вақте ки ту навакак абрӯвонатро чида, боз назди оина истода, аз нав бо қалам абрӯ мекашӣ?
Алгебра
Талаба ба муаллима мегӯяд:
– Дилором Алиевна, ҳамин алгебраи шумо дар зиндагӣ ба ман чӣ лозим мешавад?
Муаллима дар ҷавоб:
– Эҳ Саидов, вақте ки дар 35-солагӣ бо кӯдаконат дарс тайёр кардӣ, маро бисёр ба ёдат меорӣ!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ