Аз таҳти дил бихандед!
Зодрӯз
Хоҳарони шавҳар аз келинашон мепурсанд:
– Мастурахон, мо намедонем дар зодрӯзи шавҳарат ба ӯ чӣ туҳфа кунем. Аз пурсидан шарм медорем. Ту намедонӣ шавҳарат чӣ мехоҳад?
Келин мегӯяд:
– Шавҳарам мӯзаҳои занонаи итолиёвӣ, андозаи 38 ва «мултиварка» мехоҳад, вале аз гуфтан шарм медорад.
Шикоят
Бемор ба духтур шикоят мекунад:
– Духтур, ман як мушкилӣ дорам, ҳар субҳ расо соати 8 қазои ҳоҷат мекунам.
Духтур дар ҷавоб:
– Мушкилӣ дар чӣ аст?
Бемор мегӯяд:
– Гап сари он аст, ки ман соати 9 аз хоб бедор мешавам.
Хостгорӣ
Духтар ба дӯстдоштааш:
– Ҷонам, ман метарсам.
Ҷавон:
– Аз чӣ метарсӣ, ҷонам? Натарс!
Духтар мегӯяд:
– Мабодо ту ба хостгорӣ биёӣ, ки хонаводаи мо розӣ нашаванд…
Ҷавон мегӯяд:
– Натарс ҷонам, ман бе он ҳам рафтанӣ нестам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ