Аз таҳти дил бихандед!
Шикоят
Бемор ба духтур шикоят мекунад:
– Духтур, ман як мушкилӣ дорам, ҳар субҳ расо соати 8 қазои ҳоҷат мекунам.
Духтур дар ҷавоб:
– Мушкилӣ дар чӣ аст?
Бемор мегӯяд:
– Гап сари он аст, ки ман соати 9 аз хоб бедор мешавам.
Моҳӣ
Омӯзгор аз толибилмон мепурсад:
– Чаро моҳӣ гап зада наметавонад?
Мубориз аз ҷояш хеста, мегӯяд:
– Муаллим, агар сари шуморо ба даруни об андозем, гап зада метавонед?
Тифли арзон
Марде ба таваллудхона меравад. Ҳамшира ба наздаш баромада, мегӯяд:
– Ана писарчаатон, 3700…
Мард аз кисааш ҳамёнашро бароварда истода мегӯяд:
– Инро бинан-а, чӣ хел арзон!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ