Аз таҳти дил бихандед!
Гурбаи дупо
Зани зебое ба мағозаи ҳайвонот даромада, ба фурӯшанда мегӯяд:
– Ба наздикӣ шавҳарам вафот кард, ман дар як хонаи калон танҳо мондаам. Ба ман ягон гурбача диҳед.
Фурӯшанда дар ҷавоб:
– Мияв, мияв…
Тақсимот
Марде аз занаш ҷудо мешавад. Раиси суд аз онҳо мепурсад:
– Шумо дар хонаатон чӣ доред?
Шавҳар дар ҷавоб:
– Курсӣ-мурсӣ, диван-пиван, ҷевон-певон, фарзанд-парзанд.
Судя мегӯяд:
– Курсӣ ба занат, мурсӣ ба ту, диван ба занат, пиван ба ту, ҷевон ба занат, певон ба ту, фарзанд ба занат, парзанд ба ту мемонад.
Меҳнат
Марде ба рафиқаш мегӯяд:
– Пули калонро фақат бо роҳи дуздӣ ба даст овардан мумкин аст.
Рафиқаш дар ҷавоб:
– Магар бо меҳнати ҳалол намешавад?
Мард:
– Бо меҳнати ҳалол танҳо “геморрой” мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ