Аз таҳти дил бихандед!
Шавқи раққоса
Дар тўй яке ба гўши дигаре пичиррос зад:
– Мусиқӣ мурдаро ба рақс меорад мегўянд, рост будааст. Бин, шавқи раққоса чӣ тавр ба ҷўш омад.
Дигарӣ гуфт:
– Кўтоҳбин будаӣ! Шавқи раққосаро мусиқӣ не, пулчаспонӣ ба ҷўш овард.
Қиёмат
Муаллим аз талабае, ки “қиёмат, қиёмат” мегуфт, пурсид:
– Оё ту медонӣ, ки кай қиёмат мешавад?
Талаба посух дод:
– Бале! Ҳар гоҳе, ки падари ман арақ нўшида, ба хона меояд.
Нақша
Марде ба дӯсташ, ки дар муҳоҷират қарор дорад, занг зада, мепурсад:
– Салим, дӯстам, тирамоҳ чӣ нақшаҳо дорӣ?
Салим мегӯяд:
– Нақшаҳои наполеонӣ, дӯстам!
Мард мегӯяд:
– Фаҳмо. Яъне, ту билохира аз Русия гурехтан мехоҳӣ?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ