Аз таҳти дил бихандед!
Сабаби ханда
Шахсе меҳмонро дар зерхона хобонида, ними шаб садои хандаи вайро дар болохона шунид. Пурсид:
– Дар ин ҷо чӣ мекунӣ?
Гуфт:
– Дар хоб ғалтидаам.
Гуфт:
– Мардум аз боло ба пойин ғалтанд, ту аз пойин ба боло меғалтӣ?
Гуфт:
– Ман ҳам ба ҳамин механдам.
Матоъ
Туфайлиро пурсиданд:
– Иштиҳо дорӣ?
Гуфт:
– Мани бечора дар ҷаҳон ҳамин матоъ дорам.
“Даҳони пӯшида – сад тилло”
Муаллим:
– Мавзӯи вазифаи хонагиро гап зан.
Хонанда:
– Гап намезанам.
Муаллим:
– Чаро?
Хонанда:
– Худатон дирӯз гуфта будед, ки “Даҳони пӯшида – сад тилло”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ