Аз таҳти дил бихандед!
Маънии ҳаёт
Зане ба дугонааш мегӯяд:
– Муддати ним сол аст, ки аз ҳолати руҳафтодагиву яъсу ноумедӣ берун шуда наметавонам. Маънии ҳаётро дарк намекунам.
Дугонааш мегӯяд:
– Ба назди равоншинос рафта, ҳамаашро нақл кун.
Зан мегӯяд:
– Рафта, ҳамаашро нақл карда будам.
Дугонааш:
– Чӣ шуд?
Зан мегӯяд:
– Акнун равоншинос ҳам ҳеҷ маънии ҳаётро дарк карда наметавонад.
Марг
Бемор аз духтур мепурсад:
– Духтур, ман мемирам?
Духтур дар ҷавоб мегӯяд:
– Шумо чиҳо мегӯед? Моро барои марги шумо чунон ҷанг мекунанд, ки…
Падару писар
Писаре падари пиронсоли худро бурда, ба Хонаи пиронсолон месупорад. Писари панҷсолаи мард мепурсад:
– Дада, нишонии Хонаи пиронсолонро ба ман дода метавонед?
Падар мегӯяд:
– Ту ба назди бобоят хабаргирӣ рафтан мехоҳӣ?
Писарбача мегӯяд:
– Ман донистан мехоҳам, ки замони пир шуданат туро ба куҷо бурданам лозим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ